ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ВАХШ

.

Имрӯз 5-уми апрел, гурӯҳи корӣ, тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" вохӯрӣ намуданд.

 

Дар ин суҳбатвохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Тоҷиддинов Ориф, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Эшова Боғигул ва дигар фаъолон иштирок намуда вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз баромад ва фаҳмондадиҳӣ карданд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ, вобаста ба пешгирӣ аз қонунвайронкунӣ, пешгирии ҷиноят дар байни ҷавонон ва аҳли ҷомеа, пешгири аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, пешгири аз экстремизму терроризм, хурофот, бегонапарастӣ, омилҳои номатлуб, ҷалби ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, бедор кардани ҳисси миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан ва дигар масъалаҳои доғи рӯз баромад намуданд.

Сипас миёни сокинон бо гурӯҳи корӣ вобаста ба бартараф намудани нофаҳмӣ, камбудиҳои ҷойдошта саволу ҷавоб сурат гирифт...