"Зинда бод дӯстии халқҳо!"

.

Иборае, ки рӯзи 8-уми апрел зимни баргузории аксияи хайриявӣ чанд маротиба садо дод.

Дар арафаи иди Саиди Фитр бо ташаббуси Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо ҶДММ "СиноҲайдро-Тоҷикистон" аксияи хайриявӣ ташкил карда шуд, ки дар ҷараёни он ба 90 - нафар шахсони маъюбу эҳтиёҷманди шаҳр кӯмаки яквақта расонида шуд.

 

Чуноне, ки масъулини ширкати болозикр зимни мулоқот бо шахсони даъватшуда изҳор доштанд, ин иқдом баҳри боз ҳам мустаҳкам гаштани робитаи дӯстӣ миёни халқҳо, дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ ва саҳмгузорӣ баҳри офиятбахшии зиндагии шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта мебошад.

Шахсони кӯмак гирифта низ хурсандии худро аз ин иқдоми инсонпарварона изҳор намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.