ЛЕВАКАНТ: ОБОДОНИ АЗ ТАРАФИ КДФ «ХМК»

.

Масъулин ва кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию комуналӣ»-и шаҳри Левакант, дар кӯчаи Спитамени шаҳр корҳои ободониро суръат бахшиданд. Дар ин рӯз кормандони корхона барои он ки дар ду шафати роҳ гулу буттаҳои ороиши шинонанд, хоку пору рехта корҳои тахту ҳамворкунӣ мегузаронанд. Албатта барои сабзиши хубу парвариши гулҳои мавсимию ороишӣ бояд заминро хуб нарм кард. Дар ин кор кормандони корхона таҷрибаи хуб дошта кушиш менамоянд, ки кори худро дар сатҳи лозимӣ анҷом диҳанд.