ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДИДАН НАМУД

.

Имрӯз 24-уми апрел, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ дар якҷоягӣ бо масъулини бахши кишоварзии шаҳр, аз рафти кишти пахта ва дигар корҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуд. Ба иттилои масъулини бахши кишоварзӣ айни ҳол кишти пахта ҷараён дошта хоҷагидорон аз 1030 га нақшаи кишти пахта 950 га-ро кишт намудаанд, ки то ба ин рӯз 92%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Кишти пахта ҷараён дошта барзгарон азм доранд, ки то охири ҳафтаи ҷорӣ нақшаи кишти пахтаро ба пурагӣ иҷро намоянд.

 

Картошка сабзавот ва дигар зироатҳо мувофиқи нақша дар ҳамаи хоҷагиҳо кишт гардида парвариши хуб доранду корҳои агротехники аз ҷониби меҳнаткашон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Инчунин масъулин барои аз вазъи обтаъминкунӣ бохабар шудан аз пойгоҳҳои обтаминкунии ҷамоат дидан намуданд, ки алҳол насосҳои обкаши пойгоҳ фаъол буда, хоҷагидорон бо об таъмин мебошанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ барои боз ҳам дурусту хубтар ба роҳ мондани корҳои саҳроӣ, кишту парвариши саривақтии зироатҳои техникию полезӣ, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин, захираи дурусти маводи ғизоӣ, таъмини сабади истеъмолии сокинон ва мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараровар аз он ҷумла малах ба масъулини соҳаи кишоварзию хоҷагидорон дастуру супоришҳои мушаххас дод.