БОЗ ЯК ХУШХАБАРИ ТОЗА
Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баҳри амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Кӯшониён, Вахш ва Ёвони вилояти Хатлон рӯзҳои 14-15 декабри соли 2023 баён доштанд, тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Ҳамин тариқ, 19 апрели соли равон бобати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои болозикр бо иштироки ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ намояндагии кафедраи ҳарбӣ дар Филиали Донишгоҳ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ифтитоҳ гардид.
Ректори Донишгоҳ, зимни сухани ифтитоҳии хеш ҳозиринро ба ин рӯйдоди муҳим табрик намуда, ташкили намояндагии кафедраи ҳарбиро дар Филиали Донишгоҳ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз ташаббусу иқдомҳои хайрхоҳона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.
Вобаста ба ин, ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор аз масъулини кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ ва омӯзгорон даъват ба амал овард, ки донишҷӯёнро хуб таълиму тарбия дода, бо роҳи дурусти зиндагӣ онҳоро ҳидоят намоянд ва аз усулҳои муосири таълим, технологияҳои ҳозиразамон, ки дар пойгоҳи Филиали Донишгоҳ дар шаҳри Левакант мавҷуд аст, дар раванди таълим самарнок истифода намоянд.