Баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО

.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 8 апрели соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо бахши кор бо занон ва оила ш. Левакант, ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар ҷ/д Ваҳдат деҳ Тоҷикобод ш.Левакант гузаронида шуд. Ҳамчунин дар байни аҳоли дарсҳои омузиши бо усули хона ба хона гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ АДИБОН БО ҶАВОНОН

.

Имрӯз 8-уми апрел, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр, вохӯрии адибону собиқадорон бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

ИДҲОИ РАМАЗОН ВА ҚУРБОН МАРОСИМҲОИ СИРФ МАЪНАВИСТ!

.

Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ бахшида ба иди саиди Фитр

Сокинони шаҳри Левакант ва кулли ҳамватанони азиз

Ба муносибати фаросии иди саиди Фитр, ки ойини мубораки диниву эътиқодиамон мебошад, ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям ва ба якояи Шумо зиндагии хуррамона ва осоиштагии рӯзгорро таманно дорам.

ЛЕВАКАНТ: Мулоқоти судманд бо ҷавонон

.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои орифонаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли равон ироа гардид, гурӯҳи кории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис ёфта, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят байни табақаҳои гуногуни ҷомеа корҳои таблиғотӣ мебаранд.

ЛЕВАКАНТ: ТУҲФАИ ШАҲРДОРӢ БА ЯТИМОНИ КУЛЛ

.

Чу бини ятими сарафкандапеш,

Мазан бӯсса бар рӯйи фарзанди хеш.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-муминзода Мастура Табарӣ дар арафаи иди саиди Фитр, бо ятимони кулли шаҳри Левакант вохӯрӣ намуда, ба ҳар кадоми онҳо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бо маблағи 1000-сомонигӣ туҳфа намуд. Ӯ зимни ин вохӯрӣ ятимонро ба иди саиди Фитр табрик намуда, иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ дилозурда набошанд. Дар партави сиёсати инсондӯстонаву ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроия ҳамеша пуштибонашон мебошад.