ЛЕВАКАНТ: МАОРИФ-ОМӮЗИШ БАҲРИ РУШДИ СОҲА

.

10-уми май, дар МТМУ №2-и шаҳри Левакант, аз тарафи намояндагони Лоиҳаи " Биё ҳамроҳ омӯзем", намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, масъулини бахши маорифи шаҳри Левакант дар байни омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ Семинари омӯзишӣ оид ба тақвияти рушди касбии омӯзгорон аз фанҳои забони тоҷикӣ, хониши адабӣ ва математика гузаронида шуд.

 

Ин омӯзиш атрофи фаъолияти Маркази методи минтақавӣ дар рушди касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ сурат гирифт. Оиди мушкилот ва дастовардҳои омӯзгорон дар раванди омӯзиш ва роҳҳои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дар самти рушди касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ тавсияҳои муфид ба роҳбаладони Марказҳои методии минтақавӣ дода шуд.

Намояндаи Лоиҳа хонум Эшлӣ ҳангоми Семинари омӯзишӣ иброз дошт, ки чунин омӯзишҳо дар тақвияти донишу малакаи омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия нақши калон хоҳад гузошт.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар доираи Лоиҳа чунин омӯзиш дар ду муассисаи таълимии шаҳр, МТМУ №2 ва №4 Маркази методии минтақавӣ ташкил карда шудааст. Фаъолияти Марказҳои мазкур дар асоси Низомнома аз тарафи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда барои рушди касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монда шудаанд.

Боиси зикр аст, ки Лоиҳаи " Биё ҳамроҳ омӯзем" аз тарафи ташкилоти байналмилалии USAID дар ҳамкори бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ роҳандозӣ гардида, Семинарҳои омӯзишӣ оид ба тақвияти рушди касбии омӯзгорон аз фанҳои забони тоҷикӣ, хониши адабӣ ва математика гузаронида мешавад. Ба гуфти мутасаддиён то ба имрӯз аллакай 13 муассисаи таълимии шаҳри Левакант аз ин омӯзиш гузаштанд.