ЛЕВАКАНТ: ДАР ТОЗАГИИ МАҲАЛЛИ ЗИСТ САҲМ МЕГУЗОРЕМ

.

Имрӯз 11-уми май, бо иштироки раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини раис, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ Аксияи «Тозагии маҳал» баргузор шуд.

 

Иштирокдорони Аксия тариқи ҳашари умумишаҳрӣ дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар хасҳои хушкидаю алафҳои бегона, ва дигар чизҳои нолозимро тоза намуда, корҳои бодонӣ низ гузарониданд.

Боиси зикр аст, ки Аксияи «Тозагии маҳал» дар назди бинои ташкилоту корхона, муасисаҳои таълимӣ ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳраку ҷамоатҳои деҳот хеле хуб ҷараён гирифта имрӯз ва фардо идома хоҳад кард.