ЛЕВАКАНТ: ТАДБИРАНДЕШИ «ДАР СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» роҳандозӣ гардидааст. Дар доираи ин тадбир, тибқи нақша-чорабинии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 7-уми май, ҳайати гурӯҳи корӣ Собирзода Исфандиёр-ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳим Зафар-муовини директори Муассисаи давлатии маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати Адлия, Ҳасанзода Саидалӣ-корманди Вазорати Адлия, Шоҳиён Саъдулло муовини раиси шаҳри Левакант, бо мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо дар МТМУ №15, вохӯрӣ намуда, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузарониданд.

 

Бояд гуфт, ки зимни ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”, ки дар он соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, аз 30 декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” таҳти №668 ба тасвиб расонида шуд.Дар тавзеҳоти фармони мазкур мақсад ва вазифаҳои асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар муайян карда шудааст.

Дар дар вохӯрӣ зикр шуд, ки мақсади асосии эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Инчунин барои бунёди воқеии ҷомеаи демократӣ зарур ин аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ, ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои хешро хело хуб дар сатҳи зарурӣ донем. Аз он самаранок ва пурмаҳсул истифода намоем. Қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро баҳри зиндагии сазовор дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоем. Дар ин замина нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ басо муҳим ва асосӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон дар идомаи суҳбатвохӯрӣ саволу ҷавоби иштирокдорон бо масъулин вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ сурат гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаи якуми Конститутсияи амалкунанда хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.