ПАЁМИ ШОДБОШИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ МУМИНЗОДА МАСТУРА ТАБАРӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА

.

Ҳамдиёрони азиз!

Аз соли 1993 инҷониб бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ 15-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Ин рӯзи пурифтихор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши баланд дорад. Аз ин лиҳоз тамоми мардуми кишвари азизамонро ба ин рӯзи муқаддасу фархунда самимона шодбош гуфта ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ нуру зиё, файзу баракат ва саодати рӯзгорро орзумандам. Бигзор ҳамеша тансиҳату хонаобод бошеду оилаҳоятон муқтадиру побарҷо гарданд.

Ҳамватанони арҷманд!

Оила макони муқаддасу арзишмандест, ки бо издивоҷи ду кас ба вуҷуд меояду бо ба дунё омадани фарзандони солеҳ бузург мегардад ва ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ оиларо муқаддас ва пойдевори ҷомеа меҳисобанд.

 

Яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият оила аст, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Инсон ба воситаи оиладорӣ натанҳо хушбахтиро ба даст меорад, балки асосан ҳамаи мушкилоту душвориҳои зиндагӣ пас аз оиладорӣ сар мешаванд, зеро ки инсон баъд аз хонадор шудан ба тарбияи насли наврас мепардозад ва ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсоният аст. Тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзандон вазифаи падару модар дар назди ватану халқ мебошад ва бахту саодати шахс аз ҳамин вобаста аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пшвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оила мақоми баланд дода ба ин ниҳоди муқаддас таваҷҷуҳи махсус дорад. «Соли оила» эълон гардидани соли 2015, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷомеаро ба тақвиятбахшии фаъолият дар ҳамаи самтҳо масъул сохта дар зеҳну тафаккури мардуми кишвар таҳавулоти некро эъҷод намуд. Ба туфайли ин иқдом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва танзими муносибатҳои оилавӣ амал намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуд.

Дар воқеъ сиёсати пешгирифтаи Презденти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ дар баробари истиқрор ва таҳкими сулҳ, ваҳдат, ин беҳбудӣ бахшидан ба сатҳ ва сифати сиҳатию солимӣ ва оромиву осудагии мардум буд.

Мақсади асосии баромади Сарвари давлат оид ба масъалаҳои демографӣ, рушди уствор ва танзими оила, ин ҳифзи саломатии шаҳрвандон, хоса модарон кӯдакон, афзудани давомнокии умр, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагиву маърифатнокии аҳолӣ, тарбияи насли солим, таъмини ояндаи неки онҳо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, болоравии фарҳанги маърифати мардум буда, бешубҳа, кафолати рушди устувори ҷомеа мебошад.

Ҳамватанони арҷманд!

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди хушунат ва зӯроварӣ дар оила бисёр нигарон аст ва чандин даҳсолаҳост, ки баҳри аз миён бардоштани ин зуҳуроти номатлуб талошҳои рӯзафзун дорад. Ин масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назари қонун қарор дошта, ба он таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст.

Албатта масъалаи «Зӯроварӣ дар оила» яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 19-уми марти соли 2013 таҳти №954 ба тасвиб расид, ки мақсади қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Намунаи олитарини ҳаёти якҷояи инсонҳо, албатта, оила мебошад ва дар ҳаёти инсонӣ нисбат ба дигар институтҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост. Инсон дар оила ташаккул меёбад, хислат пайдо мекунад, маърифат меандӯзад ва ба одоби муошират молик мешавад. Ҳар қадар оила маърифатбунёд, шарафманд ва масъулиятшинос бошад, ҳамон қадар аъзои он фаъолу накӯтар хоҳанд буд, ҳамон қадар ҷомеа бурд хоҳад кард, ҳамон қадар давлату миллат пуртавону соҳибқудрат хоҳанд шуд.

Дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидайн дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Барои хушбахтии фарзандон заҳмати волидон дар ҷойи аввал меистад. Оилаи солим дар ҳолате ба ҷамъият нафъи худро расонида метавонад, ки ҳар як узви оила бо фикру андешаҳои солими худ ба воя расида, дар ҳар қадам барои пешрафти оила ва ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Бори дигар Рӯзи байналмилалии оила ба ҳар сокини мамлакат мубораку фархунда бошад.

Саломату сарбаланд бошед!

Возможно, это изображение 2 человека и текст