ЛЕВАКАНТ: РОҲҲОИ МАХАЛЛӢ БЕХАТАР ГАРДОНИДА ШУДАНД

.

Аз аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар аксар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бориши шадид ба амал омаду хисороти зиёде ба бор овард. Бештари маврид роҳҳои автомобилгард ба асари селфароиҳо вайрон гардида, қисме аз лоиқа пур шуд, ки ба ҳаракати нақлиёл монеаҳои зиёде пеш омад. Чунин ҳолатҳои селфароӣ дар ду деҳа Зағертут ва Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант низ роҳҳои автомобилгардро каму беш вайрон намуд.

 

Баҳри бартараф намудани роҳҳои вайронгашта ва ҷойҳои селпарто, масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо масъулини Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант, масъулини ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" чораҳои зарурӣ андешида, аз вақти шиддати селфароӣ то ба имрӯз роҳҳо деҳҳаҳои Зағертуту Истиқлолро аз лоиқа тоза намуда, ҷойҳои вайроншуда ва селпарторо бартараф намуданд.

Ба иттилои масъулин, давоми чанд вақти охир 10 км роҳи деҳаи Зағертут, наздики 9 км роҳи деҳаи Истиқлол ва қисман роҳҳои деҳаҳои қаламрави ҷамоати деҳоти «Гулистон» тозаву таъмир ва бехатар гардонида селпартоҳо бартараф карда шудаанд.

Боиси зикр аст, ки дар пайи офатҳои табии баамаломадаи аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ масъулини бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо масъулини Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр, бо дарки баланди масъулият дар таъмири роҳҳои маҳалӣ ва бартарафкунии минтақаҳои хатарзо саҳми назарраси худро гузоштанд.

Инчунин раиси ҷамоати деҳоти "Ваҳдат"-Султонов Фарух, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон-Холиқов Манучеҳр ва директори МДНРА-и шаҳри Левакант-Изатуллоев Раҷабалӣ бо аҳолии маҳал ҷиҳати пешгири аз офатҳои табии корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.