ОИЛААТОНРО ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

.

Имрӯз 14-уми май, бахшида ба Рӯзи Оила, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК-и ДБССТ дар шаҳри Левакант, Аксияи таблиғотии «Оилаатонро эҳтиёт намоед» баргузор гардид.

 

Дар Аксияи мазкур масъулини бахши кор бо занон ва оила ва занҳои фаъол ба дигар занону духтарон вобаста ба мафҳумҳои оилаву оиладорӣ, эҳтироми хонавода, тарбияи дурусти фарзанд, эҳтироми арзишҳои миллӣ, посдории суннатҳои ниёгон ва дигар масоили марбут ба оила фаҳмондадиҳӣ карда, иттиловарақаҳо тақсим намуданд.

Боиси зикр аст, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили нанг, номус, шараф, виҷдон, обрӯ, худшиносӣ, муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ, ҳамдигарфаҳмию таҳамулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.

Оиларо қаъвӣ нигоҳ дошта, ҳамчун гавҳараки чашм бояд эҳтиёт кард. Ин рисолати аҷдодӣ, миллию фарҳангӣ, маънавию ахлоқӣ, эҳёи анъанаҳои беҳтарини оилавиамонро бояд ҳамеша ҳифзу пуштибони намоем.