ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ ҶАВОНОНИ МАЪЮБ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶВОНОН

.

Чанде қакбл, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ба аёдати шахсони имконияташон маҳдуд рафтанду аз ҳолу аҳволашон хабар гирифта, ҳолпурсӣ ва кумакҳои модию молӣ намуданд. Ва ба онҳо ваъда доданд, ки ҳамеша аз вазъи саломатию зиндагияшон хабар гирифта меистанд.

 

Инак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо супориши шаҳрдорӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Халилзода Нуқрамоҳ ва дигар масъулин ҷавонони имконияташон маҳдуди шаҳрро аёдат намуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроия, ҳадяҳои идона тақдим карданд.

Шахсони имконияташон маҳдуд ва хонаводаи онҳо аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.