ЛЕВАКАНТ: КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ МАКТАБИ САНЪАТИ БАЧАГОНА

.

Тибқи нақшаи баргузории консертҳои ҳисоботии хонандагони мактабҳои санъат ва мусиқии вилояти Хатлон, дар Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Левакант, Консерти ҳисоботии хонандагон дар соли 2024, гузаронида шуд.

 

Дар Консерти ҳисоботӣ Саидмурод Боймуродов мудири дафтари методии назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Шарифов Фирӯз-методисти дараҷаи олии дафтари методии назди Раёсат, Парвиз Баротов директори Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Левакант ва дигар омӯзгорону хонандагон иштирок доштанд.

Тарбиятгирандагони Мактаби санъати бачагонаи шаҳр, дар хондани суруд, навозиши асбобҳои мусиқии торию зарбӣ ва дигар асбобҳои мусиқӣ маҳорати худро пешкаш намуда, дар сатҳи хуб ҳунарнамоӣ карданд.

Консерти ҳисоботии Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Левакант дар соли 2024, аз тарафи намояндагони Раёсати фарҳанги вилоят баҳои хуб гирифт.

Боиси зикр аст, ки сол аз сол наврасону ҷавонон санъати мусиқиро хуб аз худ менамоянду ҳунару истеъдоди худро дар консертҳои ҳисоботӣ, чорабиниҳои фарҳангии муассисавӣ ва Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман» пешкаш менамоянд.