ПОЯНДА БОД,ҶАВОНӢ! ПАЁМИ ТАБРИКИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ МУМИНЗОДА МАСТУРА ТАБАРӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

.

Ҷавонони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки рамзи эътимоду пуштибонии давлат аз ин қишри фаъолу ояндасози ҷомеа мебошад, самимона шодбошу таҳният мегӯям.

 

Боиси фараҳмандист, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон яке аз санаҳои таърихии замони Истиқлоли давлатӣ буда, ба ин муносибат дар саросари мамлакатамон, аз он ҷумла шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар доираи моҳвораи ҷавонон силсилаи чорабиниҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ, варзишию фароғатӣ доир мегарданд. Имрӯз Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст ва давлат барои рушди онҳо, амалишавии ташаббусҳои наҷибу созанда ва сайқали неруи зеҳнии ҷавонон тамоми шароити имконпазирро фароҳам овардааст.

Мо бо ҷавонони диловару матинирода, ватандӯсту меҳанпарвар, бонангу номус, ободгару бунёдкор, фозилу боистеъдод, навовару ҳушмандамон ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ ҷавононро неруи созандаву бунёдкор, пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар ва ояндаи халқамон эълон кардаанд ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунанд. “Зимоми ояндаи Ватан ва давлат дар дасти ҷавонон мебошад. Мо онҳоро бояд тавре тарбия карда, ба камол расонем, ки фардо тавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, боз ҳам пешрафта гардонанд ва миллату давлати худро ба аҳли башар ба таври шоиста муаррифӣ намоянд”, - таъкид кардаанд Пешвои миллат.

Дар ҳақиқат, имрӯз дар назди ҷавонони Тоҷикистон масъалаҳое қарор доранд, ки барои ҳаллу фасли онҳо зиракии сиёсӣ, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату халқи Тоҷикистон ва худшиносиву худогоҳӣ тақозо мешавад. Хусусан, дар шароити имрӯза, ки мардуми сайёраро таҳдиду хатарҳои муосир ва вазъи пурҳаводиси ҷаҳон, аз ҷумла кӯшишҳои азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», ҷангу низоъҳои диниву мазҳабӣ, терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва мушкилоти дигар ба ташвишу нигаронӣ овардаанд, масъулияти ҷавонони мо дар самти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат рӯз то рӯз бештар мешавад.

Ҷойи шубҳа нест, ки ҷавонони бонангу номуси тоҷик ҳамеша ҳомии манфиатҳои миллию давлатӣ ва фарзанди сазовори диёри арҷмандамон хоҳанд буд. Мо ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо эътимоди комил дорем. Ҷавонон воқеан соҳибону бунёдгарони ояндаи Ватан ва идомадиҳандагони кору пайкори созандаи Пешвои миллат ҳастанд.

Ҷавонони азиз!

Мо бояд бо шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёр ва сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созем, давлатамонро неруманду пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Бо таманнои сарсабзиву офияташон тамоми ҷавонони шарафманди шаҳри Левакант ва Тоҷикистони маҳбубамонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар ҷавони сарбаланди Ватан тандурустиву хонаободӣ ва ба диёри арҷмандамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Поянда бод, ҷавонӣ ва ҷавонон!

Возможно, это изображение 1 человек