СОБИҚАДОРОН: ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ ТАБЛИҒОТӢ

.

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, тибқи нақша-чорабинии Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, дар Литсейи давлатии №2-и шаҳр, бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилот суҳбат-вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин суҳбат-вохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» Бароталиев Сафар, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Холмуродова Алфия ва дигар фаъолон иштирок намуда, вобаста ба нақши ҷавонон дар ҷомеа баромад намуданд.

 

Гуфта шуд, ки дар замири ҷавонони кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.

Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.

Ҳамзамон гурӯҳи корӣ ҷавононро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бори дигар табрик намуда, таъкид доштанд, ки дар зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат аз як гиребон сар бароварда, бо ҳисси баланди миллӣ ватанро ҳифзу ҳимоя намоянду ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузоранд.