ИШТИРОКИ МУВАФФАҚОНА ДАР ФОРУМИ «ОМӮЗГОРИ НАВОВАР»

.

Омӯзгори ҷавони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Левакант, Бахтматова Бибирокия дар даври ҷумҳуриявии форуми «Омӯзгори навовар» иштирок намуда, барои иштироки фаъол ва ишғоли ҷойи намунавӣ бо ИФТИХОРНОМА-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз дониста шуд.

Даври ҷумҳуриявии форуми "Омӯзгори навовар" дар доираи Лоиҳаи "Мактабҳои 2030" 17 майи соли соли ҷорӣ дар "Кохи Рӯдакӣ"-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон ва муайян намудани лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионӣ дар доираи лоиҳаи глобалии "Мактабҳои Тоҷикистон -2030" баргузор гардид.

 

Дар маросими ифтитоҳи форум ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ Мирзозода Наврӯз, роҳбари бахши маориф ва Хазинаи Тоҷикистонии Оғохон Шералӣ Саидошуров, сардорони Раёсати маорифи вилоятҳои ҷумҳурӣ, намояндаи раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар намояндагони расмӣ иштирок намуданд.

Мувофиқи барнома форум санаҳои 17-18 идома ёфта, эҷодиёту навоварии омӯзгорон ва таҷрибаи пешқадами ҳар яки онҳо аз ҷониби ҳайати доварон баҳогузорӣ ва лоиҳаҳои беҳтарин муайян гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар даври ҷумҳуриявии форум беш аз 50 лоиҳаи омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ муаррифӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки форуми мазкур соли дуюм аст дар заминаи ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо шарикони рушд бо мақсади паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон ва муайян намудани лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионӣ гузаронида мешавад.