ЛЕВАКАНТ: ҶАВОНОН-ДАР ОБОДОНИИ ДИЁРАМОН САҲМ МЕГУЗОРЕМ

.

Имрӯз 18-уми май, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Моҳвораи ҷавонӣ дар шаҳри Левакант, таҳти шиори «Дар ободонии диёрамон саҳм мегузорем» ҳашари умумишаҳрии тозагӣ гузаронида шуд.

Дар ин ҳашари дастаҷамъонаи тозагӣ ҷавонон, кормандони ташкилоту корхонаҳо дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар, кӯчаҳои шаҳр, назди ташкилоту корхонаҳо иштирок намуда саҳми худро дар тозагию ободонӣ гузоштанд.

 

Гулшинонию ободонӣ, қубурхобонӣ, рангуборнамоии биноҳо, тозагии кӯчаву маҳаллаҳо хеле хуб ҷараён гирифт.

Бояд гуфт, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъонаи ободонӣ пайваста аз ҷониби кормандони ташкилоту корхонаҳо гузаронида мешаванду шаҳри Левакант рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад.