ЛЕВАКАНТ: РИОЯИ ТАЛАБОТҲО-ПЕШГИРИ АЗ ЗИЁДАРАВӢ

.

Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода, пеш аз сафари шаҳрвандони шаҳр ба ҳаҷи фарзӣ бо онҳо вохӯрӣ намуда, вобаста ба талаботҳои моддаи 12-и Қонуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ намуд.

 

Ӯ ҳангоми ин вохӯрӣ ба ҳаҷкунандагон таъкидан гуфт, ки бояд маросими ҳаҷ тибқи талаботҳои моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда, касе аз ҳаҷкунандагон хилофи ин талаботҳо амал накунад. Зеро тибқи талаботи моддаи 12-и Қонуни мазкур, маъракаи гусел ва пешвози ҳоҷиён танҳо дар доираи оила муайян гардидааст. Ташкили маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ қтъиян манъ карда шудааст. Тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷи фарзӣ ва умра танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо бояд бе зиёдарави чунин талаботҳоро риоя намоем.

Инчунин Маҳмад Хидирзода ба ҳаҷкунандагон муроҷиат намуд, ки ба ҷойи зиёдаравӣ вобаста ба имконият барои бештар кардани савобияти худ метавонанд ниёзмандону барҷомондагон ва ятимону бепарасторонро дастгирӣ намуда, дар дигар корҳои хайру савоб ҳисагузорӣ намоянд. Ин аст фарзият ва савобияти бештар ба ҳоҷиёну ҳаҷкунандагон ва ҳар фарди мусалмон.