ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИҲО БАҲРИ БЕДОР КАРДАНИ ҲИССИ ХУДШИНОСӢ

.

Баҳри иҷрои супориши ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2024, бо мақсади пешгирии моилшавӣ ва шомилшавии наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, экстремистию террористӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии диннӣ ва дигар омилҳои номатлуб, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Халилзода Нуқрамоҳ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Моҳираи Абдуғаффор бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилоти МТМУ №1-и шаҳр вохӯрӣ гузарониданд.

 

Дар ин вохӯрӣ масъулин вобаста ба моҳияти эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», пешгирии омилҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, омӯхтани илмҳои замони муосир, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, эҳтироми калонсолон ва падару модар ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ вобаста «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва сисолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби хонандагон барномаи махсус ва виктаринаи саволу ҷавоб сурат гирифт.