Дастгирихои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистонба беморхонаи Марказии шахри Левакант

.

Бо дастгирихои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва ташкилоти ЮНОПС ба беморхонаи Марказии шахри Левакант катхои функсионали, Рентгени ракамии портативи, дастгохи нафасдихи суньи, Ултрасадо (доплер, Эхо), Дефибрилиатор, ЭКГ, Инфузаматор хамаи тачхизотхои хозиразамон чавобгу ба талаботи чахони аз тарафи мутахасисон ба табибони вобаст омузонида шуданд. Мо табибон аз самими калб ба Пешвои муазами Миллат Президент и Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ва Вазири тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон мухтарам Абдуллозода Чамолиддин Абдулло изхори минатдори намуда содикона ба Ватани азизи худ барои дар сатхи баланд расонидани хизматрасонихои тибби сахми арзандаи худамонро мегузорем.

ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ РӮЗИ ҶАВОНОН

.

23-юми май, чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, бо роҳпаймоии идона оғоз гардид. Дар кӯчаи марказии шаҳр, намоиши дастовардҳои варзишгорон ҳунармандон ва бозиҳои варзишӣ манзур гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовин ва роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарону кормандони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонону сокинони шаҳр дар чорабинӣ иштирок намуданд.

ЛЕВАКАНТ: «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ»

.

23-юми май, тибқи нақша-чорабинӣ дар таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, аксияи «Тоҷикона мепӯшем» гузаронид.

Дар ин аксияи таблиғоти занону бонувон ва гулдухтарони шаҳри Левакант, бо либосҳои миллии чакану адрасу атлас сайругашти идона намуданд.

Боиси зикр аст, ки аксияи «Тоҷикона мепӯшем» ба хотири тарғибу ташвиқ ва эҳтиром гузоштан ба либоси миллӣ, пешгирӣ аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона роҳандозӣ шуд, тибқи нақша дар ҷашнҳои муҳими давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ гузаронида мешавад.

ЛЕВАКАНТ: ОМӮЗИШ ДАР САМТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА

.

Тибқи Барномаи омӯзиши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми майи соли ҷорӣ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба командирони гурӯҳҳои неъруҳои ғайриҳарбии таъиноти махсус ва дружинаҳои беҳбудсозӣ машғулиятҳо доир ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.