ЛЕВАКАНТ: ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР ДЕҲОТИ «ГУЛИСТОН»

.

Масъулин ва кормандони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант, дар ин рӯзҳои мусоид дар таъмири роҳҳои маҳаллӣ камар бастаанд. Онҳо дар ин рӯз роҳҳои маҳаллии деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти «Гулистон», ки деҳаро ба маркази шаҳр мепайвандад таъмир карда аломатҳои роҳро васлу насб ва хатҳои уфуқиро кашида истодаанд.

 

Кормандони ин ниҳод пайваста кушиш менамоянд, ки роҳҳои маҳаллӣ ва аҳамияти ҷумҳуриявию баъналмилалидоштаи дар тавозунашонбударо дар сатҳи зарури нигаҳдори намоянд.

Ба гуфти директори МДНРА-и шаҳр Изатулозода Раҷабалӣ кормандони корхона таъмири роҳҳоро идома медиҳанду дар кутоҳтарин фурсат тамоми роҳҳои маҳалиро аз таъмири ҷорӣ мебароранд.