ЛЕВАКАНТ: ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ МТМУ №8, ДИДАН КАРД

.

Дар ҳайати гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Халилзода Нуқрамоҳ-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, ҳуқӯқшиноси Мақомоти иҷроия-Ҳалимзода Карим, намояндаи бахши маорифи шаҳр-Мирзоев Аҳмад аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳр дидан намуданд. Онҳо вобаста ба анҷоми соли хониш, ҷамъоварии китобҳои дарсӣ, таъмири муассиса барои соли нави таҳсил, васлу насби шиору овезаҳои таблиғотӣ, таъмини либоси ягонаи мактабӣ, ҳамкории муассисаву омӯзгорон бо волидайн ва назорати хонандагон дар давраи таътили тобистона бо маъмурияти муассиса суҳбат ва фаҳмондадиҳӣ карданд.

 

Гуфта шуд, ки дар давраи таътили тобистона низ бояд ба хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Дар пешгири аз амалҳои номатлуб, дузди, авбошӣ, бегонапарастӣ, пешгири аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои мамнуъ, пешгири аз таълимоти ғайриқонунии диннӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз ҳар як омӯзгор бояд фаҳмондадиҳӣ намояд.