ЛЕВАКАНТ: ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДИДАН НАМУДАНД

.

11-уми июн, дар анҷоми соли хониш гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, ҳуқуқшинос ва масъулини бахшҳои Мақомоти иҷроия аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№3,11-и шаҳр дидан намуданд.

 

Ҳолати ҷамъоварии китобҳои дарсӣ, китобдорӣ дар муассиса, таъмири муассиса ва ҷамъбасти соли хониш мавриди назари аъзои гурӯҳи корӣ қарор гирифт.

Вобаста ба супоришҳои шаҳрдорӣ директорони муассисаҳои таълимӣ муваззаф шуданд, ки имтиҳоноти хатм ва аз синф ба синфгузарониро дуруст ба роҳ монда, китобҳои дарсиро саривақт ҷамъоварӣ намоян, ба таъмири муассиса ва корҳои ободонию созандагӣ таваҷҷуҳи махсус бидиҳанд. Инчунин дар таътили тобистона вобаста ба шароиту имконият машғулиятҳо ташкил намуда, хонандагонро беназорат нагузоранд.