ЛЕВАКАНТ: СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР ДЕҲАИ ЗАҒЕРТУТ

.

Имрӯз 11-уми июн, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, мудири шуъбаирушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Халилзода Нуқрамоҳ, мудири бахши маориф-Раҳимов Файзулло, раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-Султонов Фарух ҳамчун гурӯҳи корӣ аз рафти сохтмони синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Зағертути шаҳри Левакант, дидан намуданд.

 

Гуфтан ба маврид аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, соли 1972 барои 70-хонанда сохта шуда буд, алҳол бо зиёд гаштани шумораи аҳолӣ дар он дар ду баст беш аз 370 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки имрӯз ба синфхона ва ҷойи нишаст талабот пайдо гаштааст. Аз ин хотир дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби падару модар ва шахсони саховатпешаи маҳал дар назди муассисаи мазкур чор синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шуда сохтмонаш ҷараён дорад.

Муминзода Мастура Табарӣ аснои шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии синфхонаҳо ба ташаббускорон, кумитаи падару модар ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша барои чунин иқдом сипосгузорӣ намуда, таъкид намуд, ки то рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ синфхонаҳои иловагиро ба истифода диҳанд. Албатта бо ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ то як андоза мушкили ҷойи нишат бартараф гардида, хонандагон дар шароити хуби таҳсил ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.

Ҳамзамон гурӯҳи корӣ аз синфхонаҳои бинои асосии муассиса дидан намуда ба корҳои таъмирӣ шинос шуданд. Сипас бо омӯзгорон, сокинони деҳаи Зағертут дар саҳни муассиса вохӯрӣ намуда, вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат фаҳмондадиҳӣ намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба иштирокдорон вобаста ба пешгири аз омилҳои номатлуб, хурофотпарастӣ, терроризму экстремизм, бегонапарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз тарғиби фарҳанги бегона, сатру ҳиҷоб, шомилшави ба гурӯҳҳои ифротӣ, риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ду се ҳосил аз замин ва захираи дусолаи маҳсулоти кишоварзӣ, пешгири аз ғарқшавӣ, пешгири аз бемориҳои мавсимию сироятӣ таъкидҳои махсус шуд.