ЛЕВАКАНТ: ВАРЗИШ МУАРИФГАРИ МИЛЛАТ

.

Бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи нақша-чорабинии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи шаҳри Левакант ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дар ҳудуди шаҳр, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва деҳаву маҳаллаҳо пайваста мусобиқаҳои варзишии футбол, волейбол, гуштин ва дигар бозиҳои шавқовар гузаронида мешавад.

 

Дар доираи ин тадбир 10-уми июн, мусобиқаи зеҳнии шашка ва шоҳмот, тениси рӯйи миз ва тамрини наврасон барои бозии футбол дар гулгашти Парчам гузаронида шуд, ки ҷавонону наврасон ҷамъ омада, ба варзиш ва саёҳат дар гулгашту боғ машғул шуданд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаҳои хурди футболу волейбол байни ташкилоту муассиса ва деҳа ба деҳа, машқу тамрин дар толорҳои варзишию майдончаҳои варзишӣ миёни ҷавонону наврасон ба хотири солимӣ ва рушди варзиш дар шаҳри Левакант пайваста гузаронида мешавад.