ЛЕВАКАНТ: ҲУНАР ОМӮЗ К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ

.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму баромадҳояшон дар баробари дигар самтҳо ба ҳунарҳои мардумӣ ва рушди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат гувоҳи онанд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар қалби хеш фарҳанги асил ва тамаддуни бузурги ногусастании миллати тоҷикро дар мадди аввал ниҳодааст. Чунончи мегӯянд: Агар душманон хоҳанд як давлатро нобуд созанд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нобуд месозанд.
Иқдом, ташаббус ва эълони солҳои 2019-2021, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар таваҷҷуҳи мардуми тоҷикро ба худ ҷалб сохт. Аз инҷост, ки занону бонувони ҳунарманди мо ба як ҳунаре шуғл варзидаву кушиш менамоянд, ки онро ривоҷ бахшанд.
Гулчиной Саидова-бонуи ҳунарманд, сабадбоф аз деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакант аст, ки чандин сол мешавад ба ҳунари сабатбофи машғулу машҳур асту ин ҳунарро ба дигарон низ омӯзонида истодааст. Ӯ ин ҳунари миллиро аз падару модари худ омӯхтаву онро бо мурури вақт сайқал дода, имрӯз шавҳар, фарзандон, аъзои хонавода ва дигар хоҳишмандонро омӯзонидааст. Имрӯзҳо бошад дар тамоми чорабиниҳо бо сабатҳои бофтааш иштирок мекунаду сабатбофи як василаи пешбурди зиндагияш низ гардидааст.
Инчунин бонуи дигари деҳаи Зағертут Ғалатмоҳ Ашурова низ ҳунари чакандӯзию гулдӯзиро сайқал дода, ба худ фарзандону наберагон куртаҳои чакану попов медӯзаду кӯшиш менамояд, ки занону духтарони хонавода ва ҳатто деҳаро омӯзонад, то ҳунари миллии чакандӯзӣ аз байн наравад.
Ногуфта намонад, ки дар шаҳри Левакант чанд сол пеш як бинои Маркази дастгирии бонувон мавриди истифода қарор гирифта буду ба бонувон хизмат мерасонад. Имрӯз роҳбарии ин марказро бонуи ҳунарманди шаҳр-Зобо Баротова бар уҳда дораду занону бонувон дар ин марказ касбу ҳунар аз худ мекунанд.
Масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант кушиш менамоянд, ки занони фаъолу соҳибҳунарро муарифи намоянд ва барои рушди ҳунарҳои миллӣ дар ҷомеа саҳми худро гузоранд.
Боиси қайд аст, ки бонувони шаҳри Левакант, дар тарғиби ҳунарҳои миллии духтану пухтан маҳорати хуб дошта онро ба ҷавондухтарон меомӯзонанду кушиш менамоянд, ки насли ояндаи худро соҳибҳунар намуда, дар рушди ҳунарҳои миллӣ саҳми худро гузоранд.