ЛЕВАКАНТ: МАҲФИЛИ ҲУНАРИ ПАЗАНДАГӢ

.

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар хонаи истиқоматии яке аз сокинони деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” бо ҷалби занону духтарони деҳа чорабиние таҳти унвони “Маҳфили ҳунари пазандагӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Сайфиддинзода Абдуҷаббор, дигар масъулин ва бонувони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.
Дар ин маҳфил, занону бонувони рӯзгордида ба гулдухтарон тарзи омода кардани таомҳои миллӣ, хуриш ва маҳсулоти консервагиро нишон доданд, ки ин як василаи омода кардани духтарон ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Шоҳиён Саъдулло зимнан барои ташкили чунин як чорабинии саривақтии омӯзанда ба дастандаркорон изҳори сипос намуд. Ӯ қайд кард, ки ду сол қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранокистифодабарии замин, гирифтани ду-се ҳосил аз як замин ва захираи маҳсулоти ғизоӣ барои ду соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд. Имрӯз мебинем, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби сокинони деҳа хеле хуб иҷро гардида истодаасту ҳам замин самаранок истифода мешаваду ҳам занону бонувон ва ҳатто духтарон барои захираи зимистон маҳсулоти консервагӣ омода мекунанд.
Албатта консервакунонии маҳсулот нозукӣ ва тарзу усули худро дошта, муттахассисон онро бо ҳама ҷузъиёташ бо гулдухтарон меомӯзонанд. То маҳсулоти омодамекардаи онҳо бехатар аз ҳар гуна вирус ва бактерияҳо бошаду истеъмолкунандаи маҳсулот ба бемории ботулизм ва дигар бемориҳо напечад.
Масъули бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия Боғигул Эшова иброз дошт, ки дар пайи ин ташаббус ба хотири соҳибҳунар намудани духтарон чунин чорабиниҳоро дар ҳар деҳаи шаҳри Левакант гузаронида мешавад. Ин ҳам бошад ба хотири ҳунарманд намудани духтарон ва ҳавасманд кардани онҳо баҳри пухтану таҳияи хуришу таомҳои миллӣ ва омода шудан ба ҳаёти мустақилона мебошад.