ЛЕВАКАНТ: ТАШАББУСИ ВАКИЛ

.

Тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист, риояи маданияти шаҳрнишини аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баландро талаб менамояд. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тозагию ободониро аз назди хонаву дари худ бояд сар кард.
Бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант-Назарова Фароғат шоми 22-юми июл, дар назди яке аз биноҳои баландошёна Борбад 31, ки дар маркази шаҳр мебошад бо ҷалби сокинони бинои мазкур ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Назарова Фароғат, оиди маданияти шаҳрнишинӣ, пешгири аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки ин ташаббуси вакилиро сокинон хеле хуб ҷонибдори карданд.