КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ РУШДИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ буда, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Ин ҳуҷҷати таърихию сарнавиштсоз танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Конститутсия қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Он ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян карда, муносибатҳои вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим менамояд. Барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои пазируфташудаи инсонӣ, ба монанди риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар инсон фазои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меорад.
Имсол аз қабули ин санади сарнавиштсоз 30-сол пур мешавад. Ба ифтихори ин саннаи муқаддас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон аз 28-уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд.
Омили пешрафти ҳар як давлат ташаккули низоми пешрафтаи ҳуқуқӣ ва устувории қонуният дар ҷомеа мебошад. Ҳама гуна муносибатҳо бояд дар асоси қонун танзим карда шаванд. Аз ин ҷиҳат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намудани давлат ба ҳайси яке аз унсурҳои муҳими сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар давраи омода намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуда буданд, ки ҳуқуқҳои инсон бояд яке аз бахшҳои муҳими Конститутсияи навамон гардад. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ҳуқуқи инсон масъалаи муҳим буда, ҳоло дар маркази диққати ҷаҳониён, махсусан афкори умуми кишварҳои мутамаддин ва мутараққии дунё қарор дорад».
Амалӣ гардидани ҳуқуқи инсон аз шароити мушаххаси таърихии ҳар як кишвар ва анъанаҳои миллию фарҳангии он вобастаги дорад. солҳои охир бо таъсири ҷаҳонишавӣ ва махсусан ворид гардидани фарҳанги ба мо бегонаи ҳуқуқи инсон бештар зоҳир мешавад. Ин раванди амалӣ гардидани ҳуқуқи инсонро дар иртибот ба омилҳои фарҳангӣ, ҳануз дар давраи омода намудани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон дарк ва пешбини намуда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Гап фақат дар сари татбиқи амалии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон аст, ки вобаста ба шароити мушаххаси ҷомеаҳои инсонӣ, суннатҳои таърихию маънавии кишвар, сатҳи рушди фарҳанги сиёсии мардум сурат мегирад».
Дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони муосир, ҳоло дар конститутсияи ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода гаштааст. Аз тариқи меъёри зикршуда Тоҷикистон худро узви ҷомеаи ҷаҳон, муборизи арзишҳои ҳуқуқӣ, қонун ва демократия эълон мекунад. Ин пуштибонӣ аз манфиатҳои давлати миллӣ, пеш аз ҳама, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатиро дар назар дорад. Дар ҳамин замина боби дуюми Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, роҳҳои амалишавӣ ва кафолати онҳоро пешбинӣ месозад. Ин калонтарин боби Конститутсия ба шумор рафта, тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо дарназардошти меъёрҳои ин боб қабулу такмил дода мешаванд. Риоя ва муқаррарори боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи онҳо риояву иҷро кардани талаботи дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ вобастагӣ дорад. Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудан аз ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳо андешида шуда, як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд.
Хулоса ташаккули маърифати ҳуқуқии инсон вазифаи муҳими ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳам давлатҳои демократӣ эътироф гаштааст. Ин бесабаб нест, чунки маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ тарғибу тарбияи арзишҳои вобаста ба ҳуқуқи инсонро дар назар дорад. Маърифати ҳуқуқии инсон таълиму тарбияро металабад. Инсон ҳарчи қадар аз ҳуқуқу озодиҳои худ бархӯрдор бошад, сатҳи истифодаву риояи онҳо ҳамон қадар хуб мегардад.
Умарзода Фарзона,
хонандаи МТМУ №1-и шаҳри Левакант
Возможно, это изображение текст