ЛЕВАКАНТ: ШОМИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ

.

     Шоми 30-юми август, дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша-чорабинии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо иштироки масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” чорабинии идонаи фарҳангӣ баргузор гардид.
     Насриддинзода Рамазон сардори Раёсати кор ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар оғоз тамоми иштирокдоронро бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд. Ӯ зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осони ба даст наомадааст, барои онро ба даст овардан ҷавонмардони тоҷик алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонбозиҳо кардаанд. Ва мо бояд имрӯз ин дастоварди бузурги таърихиро ҳифз намоему ба қадраш бирасем.
     Инчунин дар ҳамин фазои идона раиси Кумитаи маҳалли деҳа Қазоқов Сафар барои саҳми назаррас гузоштан дар ободонию созандагӣ ва тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию хештаншиносӣ бо Сипосномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд карда шуд.
Сипас барномаи рангини консерти бо суруду таронаҳои дилнишини ватандӯстона аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, тақдими иштирокдорони чорабинӣ ва сокинони ин деҳаи дурдасти шаҳр гардонида шуд.