ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ОММАФАҲМОНИЮ ТАБЛИҒОТӢ ДАР МАРКАЗИ ШАҲР

.

Имрӯз 27-уми август, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Холилзода Нуқрамоҳ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Саидқулов Манучеҳр ва дигар масъулин дар ҳудудди шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Гурӯҳи корӣ бо соҳибкорон ва роҳбарони марказҳои хизматрасонӣ бобати тозагии гирду атрофи дукону мағоза, навсозию бо забони давлатӣ омода кардани шиору овезаҳои таблиғотӣ, пешгири аз савдои кӯчагӣ, пешниҳоди маҳсулоти хушсифат ва ба талабот ҷавогу суҳбатҳо гузаронида, таъкид намуданд, ки чунин талаботро риоя намуда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро поймол накунанд ва маданияти шаҳрнишиниро риоя намоянд.
Бояд гуфт, ки дар арафаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ чунин корҳои оммафаҳмонию таблиғотӣ дар шаҳри Левакант ҳамарӯза ҷараён дошта, масъулин талош доранд, ки 33-солагии Истиқлолиятро бо сари баланд ва дастовардҳои назарраси меҳнати истиқбол гиранд.