ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИСТОН”

.

Имрӯз шанбеи 24-уми август, ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони техникии Беморхонаи марказии шаҳри Левакант, сокинон ва кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар деҳаҳои Оқ-газа ва Боҳтурободи ҷамоати деҳоти “Гулистон” тариқи ҳашари дастаҷамъона ба тозагию ободонӣ машғул гаштанд.
Ҳашарчиён дар ин рӯз ду шафати роҳи мошингузарро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза карда, ҷуйбору дарахтонро ба тартиб дароварданд.
Ба гуфти масъулин рангнамоии девору сафедкунии бехи дарахтон пас аз пурра тоза намудани ду шафати роҳ анҷом дода мешавад.
Инчунин гурӯҳҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тариқи усули “Хона ба хона” бо сокинон корҳои оммафаҳмонӣ намуда онҳоро ба ободонию тозагӣ ҷалб сохтанд.