БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ВАСЕЪ ВА МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

.

23-юми август, дар толори Касри Фарҳанги шаҳри Левакант машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гард.
Қабл аз оғози чорабини дар долони Қасри Фарҳанг қабули масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон аз тарафи омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълими сурат гирифта, намоиши дастовардҳои бахши маорифи шаҳр давоми соли хониши 2023-2024 пешкаши меҳмонон гардонида шуд. Мудири бахши маориф Раҳимов Файзулло аз дастоварду комёбиҳои хонандагону омӯзгорон ба меҳмонон маълумот дод.

ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФРО АЁДАТ НАМУД

.

23-юми август, пас аз анҷоми маҷлиси васеъ ва машварати августии кормандони соҳаи маориф, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин собиқадорони соҳаи маорифи шаҳрро аёдат намуданд.
Зимни аёдат шаҳрдорӣ ҳар як собиқадори соҳаи маорифро, ки беш аз 50 сол собиқаи омӯзгорӣ доранд, барои саҳми арзанда гузоштан дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравию пулӣ қадршиносӣ намуданд.

ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАҲОИ ДЕҲА БА ДЕҲА

.

Шоми 23-юми август, тибқи нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, дар яке аз майдончаҳои варзишии шаҳр, мусобиқаи футболи хурди деҳа ба деҳа ва маҳала ба маҳала гузаронида шуд.
Дар ин бора директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант-Ҷаҳонгири Бобоҷон хабар дода гуфт, ки чунин мусобиқаҳо тибқи нақшаи Муассиса ҷиҳати рушди варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ҳамарӯза байни ҷанонону наврасон гузаронида мешавад.

ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚАҲО БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТ

.

Тибқи нақша-чорабинии Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз 22-юми август, мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд.
Ҷаҳонгири Бобоҷон-директори Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ гуфт, ки аз имрӯз мусобиқаҳои варзишӣ байни наврасону ҷавонон ва умуман дастпарварони Муассиса оғоз гардида идома меёбанд. Мо ба иродаи варзишгаронамон бовар дорем ва кушиш менамоем, ки мусобиқаҳоро аз рӯйи ҳамаи намуди варзиш ба роҳ монда Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои хуби варзишӣ истиқбол гирем.

ДИҚҚАТ- ОЗМУНӢ ОИД БА ИҶОРА СУПОРИДАНИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

.

            Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони шаҳри Левакант расонида мешавад, ки озмун оид ба иҷора супоридани амволи давлатӣ (ҳамчун утоқи корӣ гузаргоҳи ҳунармандон) воқеъ дар кӯчаи А.Рӯдакӣ (Маркази дастгирии бонувони шаҳри Левакант), ки масоҳати умумияш  20м2 –ро дар бар мегирад гузаронида мешавад. Макон ва вақти  баргузории озмун - бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант рӯзи 28.08.2024 соати 1000 Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок ба котиби комиссияи озмун - мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант  муроҷиат намоянд.

 

Телефонҳо барои тамос +992-558-882-578,   83250-6-26-21,