ЛЕВАКАНТ: ҲАШАРИ ПАХТАЧИНИ ИДОМА КАРД

.

Имрӯз 29-уми сентябр, дар шаҳри Левакант, ҳашари пахтачини дар хоҷагии деҳқонии "Зарзамини Левакант" бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо, маъмурият ва донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ идома кард. Дар ин рӯз ҳашарчиён наздики 1-тонна пахта чиданд, ки ин кумаки хеле хубе ба кишоварзон мебошад.

 

Тайи ду рӯз аст, ки тамоми сохторҳои шаҳри, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи фаврии раиси вилояти Хатлон-Давлатали Саид барои саривақту беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ба барзгарон кумак карда истодаанд.

Боиси зикр аст, ки шаҳри Левакант дар маъракаи пахтачини яке аз пешсафон буда, 30-фисади нақшаро то ба имрӯз иҷро намудааст.