ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ МАСЪУЛИН БО ҶАВОНОН

.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон-Насриддинзода Рамазон бо гурӯҳи кории худ, тибқи нақшаи корӣ аз фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дидан намуд.

 

Ҳамзамон ӯ бо ҷавонон ва дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ вохӯрӣ намуда, баҳри рушди варзиш, иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва Осиёию байналмилалӣ тавсияҳо дода, иброз дошт, ки варзиш муарифгари давлату миллат мебошад, танҳо шумо метавонед бо неъруву иродаи қаъвӣ тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоеду парчамбардори миллат бошед.