ЛЕВАКАНТ: ВАРЗИШ-ВАСИЛАИ ПЕШГИРИ АЗ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

.

Имрӯз 21-уми сентябр,тибқи нақша-чорабинӣ, масъулини Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, дар гулгашти Парчами миллӣ, мусобиқаҳои зеҳнии шашкаву шоҳмот ва тениси рӯйи миз ташкил намуданд.

 

Дар ин мусобиқаҳо ҷавонону калонсолон ва духтарон иштирок намуда, қуввасанҷӣ карданд.

Дар ин бора директори Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ Ҷаҳонгири Бобоҷон хабар дода гуфт, ки чунин мусобиқаҳои варзишӣ ба хотири шавқмандон тибқи нақша аз тарафи Муассиса, дар маркази шаҳр, кӯчаву маҳал ва деҳа ба деҳа пайваста гузаронида мешавад, ки ин як василаи хуби пешгири аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб мебошад.