Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар МТМУ-и №14
Тибқи нақша чорабинии МТТҲС имрӯз 17-уми сентябр масъулини марказ дар якҷоягӣ бо масъулини МВНМО дар МТМУ №14-и шаҳр миёни хонандагони синфҳои 11 сӯҳбату вохӯрӣ гузарониданд
Дар ин вохӯрӣ иштирок доштанд муовини директори МТТҲС - Холов Саид, табиби вогиршинос - Маҷидова Гулизор, ёрдамчии табиби вогиршинос - Нозимова Мафтуна, директори муассиса ва омӯзгорону хонандагони муассисаи болозикр.
Аз ҷониби мутахассисон оиди пешгирии бемориҳои гепатит, ВНМО, сил, пешгирӣ ва роҳҳои гузариши бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ маълумот ва фаҳмондадиҳӣ намуданд. Дар охир баҳри пурра дарк намудани муҳимияти масъалаи пешгирӣ ва зиёд шудани сирояти бемориҳо ба хонандагону омӯзгорон иттиловарақаҳо тақсим карда шуд.