ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ВА ФАҲМОНДАДИҲӢ БО ХОДИМОНИ ДИН

.

 
Пешгирӣ аз амалҳои номатлуб имрӯзҳо яке аз масалаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад ва дар ин кор бояд ҳар яки мо фаъол бошем.
13-уми сентябр, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода тибқи нақшаи кории худ бо ходимони дин дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроия, вохӯрӣ гузаронида фаҳмондадиҳӣ намуд.
Ӯ зимни ин фаҳмондадиҳӣ таъкидан иброз дошт, ки пешгири аз амалҳои номатлуб, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, пешгири аз таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгирӣ аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, танзими ҳама гуна маъракаҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон, ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша ба корҳои ободонию созандагӣ ва хайру савоб, дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон аз ҳар яки мо масъулияти баландро талаб мекунад ва баҳри иҷрои ин амалҳо мо бояд фаъол бошем.
Инчунин ӯ риояи талаботҳои Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак»-ро дар мадди аввал гузошта, ба ходимони дин муроҷиат намуд, ки моҳияти ин қонунҳоро дар таҳрири нав ба таври фишурда ба мардум фаҳмонанд.
Возможно, это изображение 4 человека и Овальный кабинет