ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ВАХШ

.

Имрӯз 11-уми сентябр, ҷиҳати шарҳи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъғиру иловаҳо ва як қатор масъалаҳои доғи ҷомеа гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Халилзода Нуқрамоҳ, раиси Ташкилоти собиқадорон-Султонов Ҳикматулло, мудири бахши дин-танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Саидқулов Манучеҳр, собиқадори меҳнат-Вализода Бердӣ Раҷаб, сардори бахши КҲФ ва МГ дар шаҳри Левакант Холиқов Манучеҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр, бо омӯзгорону хонандагон, падару модар ва сокинони деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" вохӯрӣ намуданд.
Холилзода Нуқрамоҳ-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр вабаста ба масъалаҳои доғи рӯз баромад намуда, аз сокинон баҳри пешгири аз омилҳои номатлуб, ҷиноят, терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, зиёдаравӣ, пешгири аз пӯшиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, тарбияи дурусти фарзанд даъват ба амал овард.
Султонов Ҳикматулло иштирокдоронро бахшида ба ҷашнҳои бузурги миллӣ, 33-солагии Истиқлолият ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки мо хушбахтарин миллатем, ки чанд рӯз пеш Истиқлолияти давлатиамонро бо шукуҳу ҷалоли хосса истиқбол гирифтем ва албата ҳар рӯз барои мо ҷашни истиқлол аст. Сипас ӯ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро бо таъғиру иловаҳои нав шарҳу тавзеҳ дода, зикр кард, ки қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст. Аз ин рӯ аҳли ҷомеа муваззафанд, ки дар таълиму тарбияи кӯдак саҳму нақши худро гузоранду онҳоро дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намоянд.
Ҳамзамон собиқадори меҳнат Вализода Бердӣ Раҷаб вобаста ба худшиносии миллӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон, таълиму тарбияи дурусти фарзанд, соҳибкасб намудани фарзандон, ҷалби онҳо ба хизмати Модар-Ватан баромад намуд.
Маҳмад Хидирзода-мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия, вобаста ба таъғиру иловаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, таъкид дошт, ки қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрвандро мебояд, ки ин қонуни миллиро бо таъғиру иловаҳои нав риоя намуда, дар гирифтани пеши роҳи хурофот, зиёдаравӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мусоидат намояд.
Дигар аъзои гурӯҳи корӣ сокинони маҳалро ба корҳои ободонию созандагӣ даъват намуданд.