ЛЕВАКАНТ: КУМАКПУЛИ БА ЯТИМОНИ КУЛЛ
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба ятимони кулл, шахсони бепарастор, яккаву танҳо, шахсони имконияти маҳдудидошта ва ниёзмандон бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба ятимони кулл туҳфаҳои пули тақдим гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ зимни тақдими туҳфаҳо бо ятимони кулл аз ҳолу аҳвол ва таҳсилашон пурсон шуда, онҳоро ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд. Муминзода Мастура зимни ин вохӯрӣ зикр намуд, ки шумо ҳеҷ вақт худро танҳову бекас наҳисобед, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант пуштибону саробони шумост. Агар соҳиби обру шудан хоҳед фикри ҳеҷ чизро накунед, нағз хонед кардҳои баландихтисос шуда ба ватани худ хизмат кунед. Мо кушиш менамоем дар зиндагӣ ва кору таҳсил ба шумо кумак расонем.
Боиси зикр аст, ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар арафаи ҳар иду ҷашн ва рӯзҳои таърихӣ ятимони кулл, шахсони бепарастор, яккаву танҳо, шахсони имконияти маҳдудидошта ва ниёзмандонро аёдат намуда, ба онҳо кумакҳои пулию моли мерасонанд.