Беҳтарин савоб дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон аст
Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ниёзмандон шахсони камбизоат, ятиму бекас имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар ин росто баҳри дастгирии ниёзмандон бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант-Боев Тоҳир аз ҳисоби худ ба як хонанда аз оилаи ниёзманд, либоси ягонаи мактабӣ харидори намуда туҳфа намуд.