ЛЕВАКАНТ: ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН 100%, ИҶРО ШУД
Имрӯз 1-уми октябр, дар саҳни Қасри шаҳри Левакант, чорабинии сиёсии сафарбарии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонони навдаъватшаванда ва падару модари онҳо иштирок доштанд.
Дар оғоз Муминзода Мастура Табарӣ тамоми даъватшавандагон ва сокинони шаҳри Левакантро ба ин муносибат, табрик намуда, ба ҷавонони даъватшаванда ва падару модари онҳо ва ҳамаи он нафароне, ки дар ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор буданд изҳори сипос намуд. Ӯ қайд кард, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ» аз имрӯз 1 октябр, даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар ин маъракаи сиёсӣ мо бояд ҳамаҷониба саҳмгузорӣ намоему сафҳои Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷавонони бонангу ор пурра созем. Ва ҷавонон бошанд дар навбати худ қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан-Модар иҷро намоянд.
Сипас ба 50 ҷавони навдаъватшаванда шаҳодатномаҳои ройгони ронандагӣ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Кумитаи шаҳрии ТҶММ дар шаҳри Левакант тақдим гардид.
Дар ҳамин фазои идона ду волидайне, ки фарзандони худро ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан сафарбар менамоянд бо «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз дониста шуданд.
Ҳамзамон бо дуои падару модарон ва маросими нонгазии сарбозон аз дасти модаронашон чорабинӣ идома ёфта дар саҳни Қасри Фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертӣ пешкаши навдаъватшавандагон ва сокинони шаҳр гардонида шуд.
Дар назди Комиссарифти ҳарбии шаҳр бошад бо иқдоми ташкилоту корхонаҳо барои навдавадшавандагон ва падару модари онҳо дастархони идона ороста шуд, ки муовини раиси шаҳр Шоҳиён Саъдулло ва дигар масъулин бо сарбозони оянда як пиёла чой нушида, ба онҳо хизмати содиқонаву софдилонаро орзу карданд.
Боиси зикр аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҷавонони ватандӯсти шаҳри Левакант фаъолона иштирок намуда, чанде пештар ба Комисарияти ҳарбии шаҳр омада, барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран ариза додаанд ва дар рӯзи аввали даъватшаванда сарбаландона ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд, ки ин 100%-и нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ташкил медиҳад. Мо аз чунин ҷавонони ватндӯст ифтихор мекунему барояшон хизмати содиқонаву софдилонаро ба халқу Ватан орзумандем. Ба падару модарашон барои дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани чунин фарзандони баору нанг изҳои сипос менамоем.
Бояд гуфт, ки ҳар як шаҳрванди ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда аз рӯзи нахустини ба қисми ҳарбӣ ворид шудан ғамхории Давлат ва Ҳукумати мамлакатро дар симои командири даста, қисми ҳарбӣ, фармондеҳони қӯшунҳо ва роҳбарияти Вазорати мудофиа дарк ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо хизмати ҳарбии ҳатмиро ба Ватан-Модар содиқона ва бо ифтихор анҷом диҳанд.