ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДА

.

Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Халилзода Нуқрамоҳ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Фарҳод Муминов ва дигарон иштирок намуданд.

Халилзода Нуқрамоҳ ташкили чунин вохӯриро дар ҳошияи 30-солагии Конститутсия хеле хуб шуморида, доир ба мавқеву моҳияти Конститутсия баҳри таъмини адолат дар кишвар ибрози назар намуд.

Шодихон Сафарзода-мудири бахши кор бо ҷавонон доир ба Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ибрози назар намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар зери сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободии кишвар бо донишу малакаи худ саҳмгузорӣ намоянд. Инчунин ӯ афзуд, ки ҷавонон бояд ҳеҷ гоҳ ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил нагарданд баракс муқобили ҳизбу ҳаракатҳои мамну ва гурӯҳҳои ифротӣ вокунишҳо нишон диҳанд.

Фарҳод Муминов намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дарстовардҳои худ ҳамчун ҷавони муваффақи шаҳри Левакант ибрози назар намуда, зикр кард, ки ҳар ҷавони завқманду ватандӯст метавонад ба муваффақиятҳои назаррас ноил шаваду дар пешрафти ватани худ саҳмгузор бошад. Аз ин хотир мо ҷавонон бояд посдори ниёгони пуршарафи худ буда, бо ҳисси баланди миллӣ ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти ватани азизамон ҳиссагузор бошем.