ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ВА ГУЛШИНОНӢ ДАР МДТТ №1
Имрӯз шанбе 26-уми октябри, масъулини Муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳри Левакант, ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи мазкур корҳои ободонӣ гузарониданд.
Ҳамзамон ба хотири зебоипарастӣ ва бедор кардани завқи эстетикии тарбиятгирандагон дар саҳни муассиса, гулҳои ороишии мавсимӣ шинониданд, ки ин зебогии коргоҳро таъмин мекунаду ба кӯдакон завқи зебоӣ мебахшад.