ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ МЕҲРГОН ДАР «ЛКСК»
Имрӯз 26-уми октябр, бахшида ба Иди меҳргон омӯзгорону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант чорабинии идона гузарониданд. Ин ҷашни миллии ҳосилот аз тарафи масъулин, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассиса бо пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ хеле хуб таҷлил гардид.
Дар оғоз муовини директори Муассисаи мазкур Ёров Матин тамоми меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро табрик намуда, иброз дошт, ки фарҳанги миллӣ ба ҳайси муаррифкунандаи миллат ва давлатҳои муосир аст. Дар шароити бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ ва омезиши босуръати фарҳангҳои мутамаддин нигоҳдории он ҳадафи ҳар як давлату миллат аст. Яке аз унсурҳои асосии фарҳанг бошад анъана, суннатҳо ва ҷашну маросимҳост, ки таърихи миллати тоҷик саршори чунин анъанаҳо, суннатҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо мебошад. Меҳргон, низ дар баробари ҷашнҳои Садда, Наврӯз ва Тиргон яке аз ҷаҳор маросими миллии тоҷик аст, ки ҳам хусусияти космологӣ ва ҳам хусусияти таърихиро соҳиб аст.
Инчунин намоиши маҳсулот ва ҳунари 12-гурӯҳи донишҷӯёни муассиса пешкаши аъзои Комиссия гардонида шуда, ба ҳамаи гурӯҳҳо барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар баргузории ҷашни Меҳргон аз ҷониби маъмурияти муссиса сипосгузорию қадршиноси карда шуд.