ЛЕВАКАНТ: ОИЛАИ НАМУНА
Оилаи Акобировҳо яке аз оилаҳои фаъоли деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки “Сарбанд“-и шаҳри Левакант буда, ҳамчун оилаи намунавӣ дар шаҳр шинохта шудаанд. Ин оилаи муваффақ тавсия ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, маводи ғизоии дусолаи худро аз маҳсулоти табии дастрас захира намудаанд.
Масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, оилаи Акобировҳоро дар татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар лиҳоз намунаи ибрат ҳисобиданд.
Бонувони ин хонадон иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба манфиати ҷомеа буда, самаранокистифодабарии замин, рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин барояшон имкон додааст, захираи дусолаи худро таъмин созанд. Онҳо мегӯянд, ки тамоми маҳсулоти захирашударо аз замини наздиҳавлигияшон рӯёнидаанд. Ва кушиш менамоянд, ки минбаъд низ дар самаранокистифодабарии замин, сарфаю сариштакорӣ, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, таълиму тарбияи дурусти фарзанд, соҳибкасбу соҳибҳунар намудани фарзандон ҳамеша намуна бошанд.