ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИ ДАР МҒ КОЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲР

.

Имрӯз 24-уми октябр, дар ҳошияи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша-чорабинӣ, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо донишҷӯёну омӯзгорони Муассисаи ғайридавлатии Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант вохӯрӣ намуданд.

Дар ин вохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, аъзоёни фаъоли Ташкилот-Мастов Абдулҳаким, Исмонқулов Абдуҷалол, Кабиров Мирзохон, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Хидирзода Маҳмад, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода, директори Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант-Сафарзода Умед ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

 

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки соли 1991 дар таърихи давлатдории миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нав ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард.

Аз нахустин қадамҳои Истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳон бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи хеш, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, сипас давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд.

Бо ҳамин сабабҳо таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия ба таъхир гузошта шуд. Ҳамин тариқ 6-ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ин санад дар дигаргунсозии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дошта, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудудии давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян намуд.

Инчунин аз ҷониби гурӯҳи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, бегонапарастӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва дигар одатҳои бад фаҳмондадиҳи гузаронида шуд.