ЛЕВАКАНТ: НАЗОРАТИ ДАВОМОТ ВА ТАҲСИЛ

.

23-юми октябр, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тибқи дастуру супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз вазъи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва Литсейи давлатии №2-и шаҳр, дидан намуданд.

 

Масъулин дар ин рӯз ба тозагии гирду атрофи муассисаҳо, вазъи зимистонгузаронӣ, давомоти хонандагону омӯзгорон, сатҳу сифати таълиму тарбия, рӯзномадорӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба мактаб таваҷҷуҳ карданд.