ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲИ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА
21-уми октябр, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо омӯзгорон ва фаъолон дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон» тариқи усули «ХОНА БА ХОНА» корҳои фаҳмондадиҳи гузарониданд.
Дар ин вохӯрӣ масъулин баҳри пешгири аз бегонапарастӣ, пушиши сарту ҳиҷоб ва либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, пешгири аз хурофот, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз экстремизму терроризм, пешгири аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи фарзанд дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ, сарфакорона истифодабарии неъруи барқ, самаранок истифодабарии замин, тозагию ободонӣ бо сокинони деҳа фаҳмондадиҳи карданд.
Бояд гуфт, ки чунин корҳои таблиғотӣ аз тарафи гурӯҳҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамарӯза идома дошта, масъулин кушиш менамоянд, ки тамоми дастуру супоришҳоро бо халқ дар якҷоягӣ иҷро намоянд.